Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ дар як ҳафтаи охир бори дувум мушак озмоиш кард


Кореяи Шимолӣ 31-уми июл ду мушаки кутоҳпарвоз озмоиш кард. Камтар аз як ҳафта пеш ин кишвар ҳамингуна мушакро озмоиш карда буд.

Низомиёни Кореяи Ҷанубӣ гуфтанд, ҳар ду мушак наздики 250 километр бо баландии 30 километр парвоз карданд. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ аз Кореяи Шимолӣ хостанд, ки озмоишро қатъ кунад.

Кореяи Шимолӣ дар навбати худ, тамринҳои муштараки ИМА ва Кореяи Ҷанубиро танқид мекунад. Тамрини навбатии ду кишвар охири тобистони соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст. Пхенян ин тамринро "омодагӣ ба ҳамла" меномад.

Моҳи июни соли ҷорӣ Доналд Трамп, президенти ИМА ва роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин дар минтақаи ғайринизомии сарҳади ду Корея мулоқот карданд. Трамп ба сарҳади Кореяи Шимолӣ ворид шуд ва баъдан бо Ким Чен Ин ба сарҳади Кореяи Ҷанубӣ баргашт.

Ду раҳбар дар гузашта ду бор дар бораи даст кашидани Кореяи Шимолӣ аз силоҳҳои атомӣ гуфтӯгу кардаанд. Ҳарчанд Доналд Трамп ва Ким Чен Ин баъди ин мулоқотҳо ҳамдигарро ситоиш кардаанд, вале дар масъалаи орӣ кардани нимҷазираи Корея аз силоҳи атомӣ пешрафти ночизе ҳосил шудааст.

XS
SM
MD
LG