Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади сарбози ғарқшудаи қирғизро дар Узбекистон пайдо карданд


Наҷотдиҳандагони Узбекистон ҷасади сарбози қирғизистониеро пайдо карданд, ки рӯзи 19-уми июл дар дарёи Оқ-Булак ғарқ шуда буд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ҷасади сарбоз ба Қирғизистон оварда шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади сарбоз бештар аз 10 рӯзи идома кард. Ҷараёни босуръати об ҷасади сарбозро аз ҷои ғарқшудааш 11 км пойинтар бурдааст. Сарбоз дар қисми низомии 2030 адои хизмат мекард. Ба иттилои мақомот, сарбоз ҳангоми пойин шудан ба дарё лағжидааст.

Дар ҳоли ҳозир санҷиши ҳодиса давом дорад.

XS
SM
MD
LG