Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳнкунандагони овозаи марги Бердимуҳаммадовро боздошт мекунанд


Дар Туркманистон боздошти паҳнкунандагони овозаи марги президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов шуруъ шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

То ин замон корманди ширкати "Туркмантелеком" дар вилояти Лебап, корманди муассисаи обёрӣ ва корманди муассисаи комуналиву манзилӣ боздошт шудааст.

Пештар аз ин баъди радсозии расмии овозаи марги президент, дар шабакаҳо маъракаи густурдае бо даъвати бовар накардан ба хабарҳои бардурӯғ роҳандозӣ шуд.

"Имрӯзҳо дар шабакаҳо дар бораи президенти муҳтарами мо хабари нохуше паҳн мешавад. Ман аз шумо хоҳиш дорам, ба ин ҳарфҳо бовар накунед",-мегӯяд блогнависи маҳаллӣ Ягшӣ Гошунов.

Рӯзи 21-уми июл "Туркманистони Озод" - саҳифаи мухолифон дар шабакаи иҷтимоии Ютюб - бо такя ба хабарнигорони худ навишт, ки роҳбари Туркманистон рӯзи 20-уми июл вафот кардааст. Бердимуҳаммадов бори охир 5-уми июл дар мазҳари ом ҳозир шуда буд. 15-уми июл маркази матбуотии президенти он кишвар хабар дод, ки Бердимуҳаммадов дар рухсатии меҳнатӣ аст.

Расонаҳо менависанд, ҳавопаймои президенти Туркманистон рӯзи 12-уми июл дар Олмон қарор дошт. Аммо гуфта мешавад, ҳавопаймо модари Бердимуҳаммадовро, ки бемор аст, ба Олмон бурдааст.

Моҳи июни соли ҷорӣ Бердимуҳаммадов 62-сола шуд. Имсол бо баргузории маросими махсусе имомон ва вазирон барои сиҳатии Бердимуҳаммадов дуъои дастаҷамъӣ карданд.

XS
SM
MD
LG