Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Отамбоев иҷозат надоданд, ба суоли муфаттишон хатӣ ҷавоб диҳад


Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев наметавонад ба суоли муфаттишон хаттӣ посух диҳад. Расонаҳо ахиран хабар доданд, ки вазорат ба Отамбоев имкон медиҳад, ки ба суолҳо хаттӣ посух диҳад.

"Тафтишот сирри худро дорад. Бинобар ин, Хадамоти тафтишотӣ ба Отамбоев фаҳмонд, ки бояд ба бозпурсӣ ҳозир шавад",-гуфтанд дар хадамоти матбуотии вазорат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон се бор Отамбоевро ба бозпурсӣ даъват кард. Вале ӯ ҳозир нашуд. Вакили дифои Отамбоев гуфт, даъвати шахси зери ҳимояаш ба бозпурсӣ ғайриқонунӣ аст, чун ӯ ҳанӯз ҳам аз унвони президенти пешин ва дахлнопазирӣ бархурдор аст.

Порлумони Қирғизистон 27-уми июни соли равон Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум кард.

Пеш аз ин, комиссияи вакилони порлумони Қирғизистон зидди Отамбоев 6 айб эълом кард ва Додситонии кулли ин кишвар 5-тои онҳоро тасдиқ кард. Отамбоев ба даст доштан дар озодии ғайриқонунии "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев ва фасодкорӣ дар ҷараёни бозсозии Маркази гармидии шаҳри Бишкек айбдор мешавад.

Худи Алмосбек Отамбоев ин айбҳоро сиёсӣ меномад. Дар зодгоҳаш - деҳаи Кой-Тош ба ҷонибдорӣ аз ӯ ситоде ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG