Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории мансабдори узбек барои талоши тахриби фурӯшгоҳи як соҳибкор


Зидди муовини раиси ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Узбекистон дар умури сохтмон Мансур Туймаев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Туймаев дар анҷоми амалҳое айбдор мешавад, ки аз салоҳияти ӯ берун буданд. Дар ин бора Оҷонси иттилоот ва иртиботи умумии маъмурияти президенти Узбекистон хабар медиҳад.

Пештар хабар доданд, ки 20 июл дар ноҳияи Яккабоғ соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Исомов муовини раиси ноҳияро, ки мехост, фурӯшгоҳи нави дуошёна ва сехашро тахриб кунад, бо бензин оташ задааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, Мансур Туймаев, ки дар ҳамроҳӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои тахриби фурӯшгоҳ рафта буд, пас аз худдории ронандаи булдозер аз иҷрои фармон, хост, биноро худаш тахриб кунад.

Вале соҳибкор бар сару рӯяш бензин пошида, ӯро оташ задааст. Шоҳидони ҳодиса зуд оташро хомӯш карда, Туймаевро ба бемористон бурдаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, соҳибкор баъди ноумед шудан аз дарёфти ҷубронпулӣ даст ба ин кор задааст.

Ба огаҳии Оҷонси иттилоот ва иртиботи умумии маъмурияти президенти Узбекистон, пас аз омӯзиши қазия раис ва додситони ноҳияи Яккабоғ -- Шоҳмурод Донаев ва Ҷамшед Халилов аз мақом барканор шуданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG