Бино ба гузоришҳо афроди мусаллаҳ ба қароргоҳи Амрулло Солеҳ номзад ба мақоми муовини раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамла кардаанд. Ҳамла рӯзи 28-уми июл дар нахустин рӯзи маъракаи интихоботии раёсати ҷумҳурӣ сурат гирифт.
Қарор аст, интихобот рӯзи 28-уми сентябр баргузор шавад. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки афроди мусаллаҳ баъди таркиши бомб дар назди дафтари Ҳаракати Сабзи Амрулло Солеҳ, ба бино ворид шудаанд. Бино ба гузоришҳои аввалия дар натиҷаи даргириҳо 1 нафар кушта ва 13 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Худи ӯ, беосеб аз маҳалли ҳамла берун оварда шудааст. Касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Ҳодиса чанд соат баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон аз оғози корзори интихоботӣ хабар дод. Дар интихобот 17 нафар барои соҳиб шудан ба курсии раиси ҷумҳур рақобат мекунанд.