Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозо аз Шӯрои Амният дар бораи занони афғон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҷамила Афғонӣ, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи занон дар Афғонистон гуфт, дар ҳар гуна муомила ва ё созиши сулҳ бо Толибон бояд иродаву садои занони кишварашро ба инобат бигиранд. Ӯ рӯзи 26-уми июл аз тариқи иртиботи видеоӣ дар як нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт: “Занони афғон бояд дар қабули қарорҳое, ки ба онҳо таъсир мегузоранд, нақши бармало дошта бошанд.”

Ӯ аз Шӯрои Амният хост, тазмин бидиҳад, ки занони афғон аз табақаву манотиқи гуногун дар музокироти сулҳ, аз ҷумла ба ҳайси музокиракунанда бо рӯҳониёни афғон ширкат кунанд. Ҳукумати Амрико талош дорад, то ки Толибонро ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон моил кунад. Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон то кунун борҳо бо Толибон дар Қатар дар ин бора гуфтугӯ кардааст, вале Толибон ҳукуматро дастнишондаи Ғарб номида аз музокироти мустақим бо он сарпечӣ кардаанд.

Занон дар Афғонистон, ки дар замони Толибон аз ҳаққи таҳсилу кор маҳрум шуданд, мегӯянд, бадтарин зиндагиро дар аҳди Толибон доштанд. Ин гурӯҳи ифротӣ соли 2001 дар амалиёт ба раҳбарии Амрико аз ҳукумат барканор шуд, вале то кунун аз муқовимат ба ҳукумати Афғонистон даст накашидааст.

XS
SM
MD
LG