Пайвандҳои дастрасӣ

Як трансгендер аз таҷовуз шуданаш дар зиндони Алмато шикоят кард


Виктория Беркхоҷаева, шаҳрванди Қазоқистон, ки ҷинсашро иваз кардааст, мегӯяд, дар зиндони Жаугашти вилояти Алмато борҳо ба номусаш таҷовуз кардаанд. Вай рӯзи 25-уми июл бо вакили мудофеаш мулоқот кард.

Айман Умарова, вакили мудофеи Беркхоҷаева гуфт, нафари таҳти ҳимояташ аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ рӯзҳои 19, 20 ва 24 июл таҷовуз шудааст. "Вай дар ин бора ариза навишт. Бо моддаи "Таҷовуз такрорӣ ба номус" парванда боз шудааст",-гуфт вакили мудофеъ.

Думан Раҳмонов, роҳбари зиндони мазкур аз шуруъ шудани тафтиш хабар дод.

Виктория Беркхоҷаева моҳи августи соли 2016 боздошт шуд. Вай то он замон ҷинсашро аз мард ба зан табдил дод, вале натавонист, ҳуҷҷатҳояшро иваз кунад. Дар оғози баррасии парвандааш вай ҳамчун мард муаррифӣ мешуд.

Дар охири муҳокимаҳои додгоҳиаш вай аллакай ҳуҷҷати тасдиқкунандаи зан буданро дар даст дошт. Моҳи марти соли 2017 додгоҳи Алмато Беркхоҷаеваро бо айби тамаъҷӯӣ 7 сол зиндонӣ кард. Баъди содир шудани ҳукм ӯро ба зиндони занонаи Жаугашт ирсол карданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG