Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се маҷруҳи таркиши анбори аслиҳа дар Арис ҳанӯз дар бемористонанд


Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон.

Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон гуфт, вазъи кӯдаке, ки рӯзи 24-уми июн дар натиҷаи таркиши Арис маҷруҳ шуда буд, вазнин боқӣ мемонад.

"Ҷароҳаташ вазнин аст. Тамоми ёрии зарурӣ расонида шуд. Чанде пеш табибони хориҷӣ барои ташхисаш омаданд. Вале ҳама чиз дар дасти табибон нест",-гуфт вазир. Кӯдаки ҳаштсолае, ки сараш осеб дида буд, як моҳ аст, беҳушу ёд дар бемористон бистарист.

Ба гуфтаи Биртанов, ба иловаи кӯдаки ҳаштсола ду маҷруҳи дигари таркиши Арис дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Ба гуфтаи табибон, онҳо беҳбуд меёбанд.

Дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳаи як қисми низомӣ дар шаҳри Ариси Қазоқистон, ки 24-уми июн рух дод, 85 дарсади манзилҳои зисти сокинон осеб дид.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, таркиши нахустин дар анбори аслиҳаи Арис соати 09:15 дақиқаи субҳи 24-уми июн рух дод. Мақомот худи он рӯз дар шаҳр ҳолати изтирорӣ эълом ва интиқоли 43 ҳазор сокини шаҳрро ба ҷои амн, аз ҷумла ба шаҳри Чимкент оғоз карданд.

Дар натиҷаи таркиш ва сӯхтори анбор се нафар - ду низомӣ ва як сокини осоишта ҷон бохтанд. Мақомоти қазоқ мегӯянд, низомии дувуми ҳалокшуда 32 сол дошта, корманди шартномавии Вазорати дифои Қазоқистон ва сокини шаҳри Чимкент аст. Ҳамчунин 165 каси дигар барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG