Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони бозгашта аз Ироқро ба интернатҳо супурданд.ВИДЕО


Аз 84 кӯдаке ки аз Ироқ ба Точикистон оварда шуд, ягон нафари онҳо ба оилаҳову наздикон дода нашуданд. Қаблан мақомот мегуфтанд, кӯдакони сини мактабиро ба муассисаҳои таълимӣ ва хурдсолонро ба хонаводаҳо медиҳанд.

Баъди се моҳи моҳи нигаҳдорӣ дар осоишгоҳи "Харангон" воқеъ дар Варзоб, 84 кӯдак ин мавзеъро тарк карданд. Вазорати тандурустӣ гуфт, ягон нафари онҳо то ҳол ба бибиву бобо ё дигар пайвандонашон супурда нашудаанд. Наздикони ин атфол ҳам дар Тоҷикистон мунтазири қабули кӯдакон буданд ва бархе барои гирифтани онҳо омодагӣ медиданд.

Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "44 нафар кӯдакони аз 1 то 5-сола ба Хонаи кӯдакони рақами 2-и шаҳри Душанбе интиқол дода шудаанд. Сиву се кӯдаки синни мактабӣ дар муассисаҳои таълимии вазорати маориф фаро гирифта шудаанд".

Хурдсолони бозгашта аз Ироқро ба наздиконашон надоданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Дар миёни 84 нафар ду нафар кӯдаки хурдсол доштаанд. Шодихон Ҷамшед, гуфт, ин афрод, ки синашон ба 18 расидааст ва кӯдак доранд, барои касбомӯзӣ мефиристанд. Муовини вазири тандурустӣ афзуд, кӯдаконро ба наздиконашон медиҳанд, аммо ҳоло бояд таҳқиқи амиқ сурат бигирад: "Онҳое, ки дар хонаи кӯдакон ҳастанд, бар асоси дуруст кардани ҳуҷҷат ва шахсият оҳиста-оҳиста дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ба хешутабор баргардонида мешаванд".

Ба гуфтаи ӯ, осоишгоҳи "Харангон" аз рӯзи душанбеи 22-юми июл ба ихтиёри собиқадорони ҷангу меҳнат супорида шуд ва ҳоло 80 нафар дар онҷо истироҳат доранд. Мақомоти тоҷик шаби 30-юми апрели соли ҷорӣ 84 фарзанди ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро, аз Бағдод ба Душанбе овард. Модарони бисёре аз онҳо барои ҳамзистӣ бо аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" зиндонӣ шудаанд.

Интиқоли кӯдакон ба мактаб-интернат ва хонаи кӯдакон дар ҳолест, ки бархе аз наздикони ин атфол беш аз ду моҳ аст интизори қабули охирин нишон аз фарзандони худ ҳастанд. Ба иттилои мақомот, то ҳол 35 оила барои ба тарбия гирифтани онҳо дархост додаанд. Аммо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бархе аз ин хонаводаҳо гуфтанд, ҳанӯз имкони дидани кӯдаконро пайдо накардаанд. Мақомот бибиву бобоҳои чашминтизорро бо шароити нигоҳубини кӯдакон дар "Харангон" ошно карда, аммо ба онҳо фаҳмонданд, ки барои дидори кӯдакон сабр кунанд. Ҳоло наздикони бархе аз кӯдакон мегӯянд, медонанд, ки онҳоро аз Харангон берун оварданд, аммо дақиқ нагуфтаанд, ки кӯдаконро ба куҷо интиқол додаанд ва кай ба оилаҳо баргаронида мешаванд.

"Гуфтанд, кӯдаконро тақсим кардаанд"

Се хоҳарзодаи Эҳсон Усмонов, як сокини шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо атфоли дигари аз Ироқ овардашуда дар осоишгоҳи “Харангон” нигаҳдорӣ мешуд. Хоҳари ӯ Ганҷина Усмонзода дар Ироқ аст. Пайвандонаш баъди хабарҳо дар бораи оғози интиқоли кӯдакон ба муассисаҳои дигар, ба масъулин муроҷиат карданд. Аммо мегӯянд, ягон иттилои дақиқе дода нашуд. Эҳсон бародари Ганҷина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт. “Бахши кор бо ноболиғон рафтам гуфтам, кӯдаконро тақсим кардаанд, кӯдакони моро медиҳанд, намедиҳанд. Ҷавоб намедиҳанд, мегӯянд, бояд диҳанду намедонем. Нагуфтанд, ки куҷо бурдаанд онҳоро. Гуфтам фаҳмидам, ки қисмеро ба хона интернатҳо тақсим кардаанд, ҳадди аққал бигӯед, ки кадомаш ва ба куҷо интиқол дода шудааст, нагуфтанд.”

Қаблан мақомот гуфтанд, ки атфоли хурдсол, ба эҳтимоли зиёд то 3-солаҳо бо санадҳои зарурӣ ба хешовандони наздик дода мешаванд ва қӯдакони синни мактабӣ барои як муддат дар муассисаҳои таълимӣ ва ятимхонаҳо ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Ин гурӯҳи кӯдакон, ки зарбаи равонӣ дидаанд, ба гуфтаи мақомот, бояд барои барқарор шудан ба барномаҳои махсус фаро гирифта шаванд.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки тоҷик ахиран гуфт, раванди мутобиқ кардани кӯдакон осон нест. Ӯ гуфт барои дар муҳити хубу солим фаро гирифтани атфол, аввал бояд хонаводаҳое, ки мехоҳанд онҳоро ба тарбия бигиранд, хуб омӯхта шаванд. “Беҳтарин муҳит барои тарбияи кӯдакон албатта оила аст. Ман мефаҳмам, ки оилаҳое ҳастанд, ки омодаанд кӯдаконро ба тарбияи худ бигиранд. Вале дар ин оилаҳо чӣ гуна муҳит аст? Мо намехоҳем вазъи кӯдаконро бадтар кунем. Бояд таҳқиқ шавад” гуфт Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода.

Рамазон Раҳмизода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳам ахиран дар нишасти хабарии худ гуфт, зиндагӣ дар кишвари ҷангзада ба зеҳну мафкураи кӯдакон бетаъсир намондааст: “Шахсоне, ки дар кишварҳои ҷангзада хурд буданд, калон шудаанд, мафкураи онҳо душвор ва бо мафкураҳои равияҳои ифротӣ пур гаштааст. Мо тамоми чораҳоро меандешем, ки онҳоро ба ҷомеа мутобиқ созем. То аз мафкураву хаёлоте, ки дар он ҷо қабул кардаанд, дур шаванд”

Мутобиқ кардани онҳо осон нест

Дар вазорати маориф ва илм барои мутобиқшавии кӯдакон ба зиндагии солим ва омода кардани онҳо ба мактаб гурӯҳи махсус таъсис ёфтааст. Омода кардани ин атфол ба соли нави таҳсил ҳам ба таъкиди масъулин мушкил аст. Чун бархе аз наврасон алифбои тоҷикиро намедонанд ва навишта наметавонанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузорише дар рӯзи 20-уми июн, бозгардонии кӯдакони тоҷикро ситоиш кард ва гуфт, агар онҳо ба ватан баргардонида намешуданд, зери назари гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба "сарбозони кӯдак " табдил меёфтанд.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба Тоҷикистон тавсия дод, ки барои зудтар мутобиқ шудани кӯдакон ба муҳити осоишта, бояд онҳоро ба наздиконашон бидиҳанд.

Аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. Додгоҳи Бағдод ҳамсарони ҷангҷӯёни ДИИШ-ро барои "убури ғайриқонунии марз" ва "ҳамзистиву кӯмак ба террорист" ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Аз ҷумла, 43 зани тоҷик, ки дар зиндонҳои Ироқ мебошанд, аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Вобаста

XS
SM
MD
LG