Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: "Умедворем то охири сол масъалаи афви муҳоҷирон ҳал мешавад"


Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Мақомоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯянд, умедворанд, ки то охири соли ҷорӣ масъалаи авфи муҳоҷирони тоҷик бо Русия ҳал мешавад.

Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, феълан гуфтугӯҳои намояндагии Вазорат бо Сарраёсати корҳои дохили Русия оид ба муҳоҷират, идома дорад. Саидов гуфт, умедворанд, ки то охири соли равон масъалаи авфи муҳоҷирон ҳал мешавад.

Ин мақоми Вазорати меҳнат гуфт, феълан роҳи 250 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон баста аст. Ин гурӯҳи муҳоҷирон аз ҳама бештар мунтазири авф мебошанд. Ба гуфтаи Саидасрор Саидов, дар ин афв на ҳамаи ин 250 ҳазоре, ки роҳашон ба Русия баста шудааст, шомил мешаванд, балки танҳо онҳое, мавриди афв қарор мегиранд, ки қонуншиканиҳои сабук кардаанд.

Масъалаи авфи муҳоҷирони меҳнати тоҷик, ки роҳашон ба Русия баста шудааст, нахуст дар ҷараёни сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар моҳи апрел садо дод. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин сафараш аз мақомоти Русия хост, ки бори дигар муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро афв кунанд, то роҳи онҳо ба ин кишвар боз гардад.

Ба гуфтаи Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, мавзӯи афви муҳоҷирон баррасӣ шуд. Ба қавли дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, президенти Русия Владимир Путин "пешниҳодро қабул кард" ва "ба роҳбарияти вазорати корҳои дохилии Русия супориш дод, ки оид ба ҳалли ин масъала чора андешад."

Солона аз Тоҷикистон ба Русия беш аз як миллион нафар барои кор мераванд ва маблағи фиристодаи онҳо барои кишвар хеле муҳим гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG