Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фейсбук" барои ифшои маълумоти шахсии корбарон ҷаримаи рекордӣ мепардозад


Комиссияи федеролии савдои ИМА ширкати "Фейсбук"-ро барои ифшо шудани маълумоти шахсии корбаронаш 5 миллиард доллар ҷарима кард. Ин маблағро ширкат ба ИМА хоҳад пардохт. Он ҳамчунин барои ҳалли иддаои комиссия оид ба коғазҳои қиматбаҳо 100 миллион доллари дигар хоҳад супурд.

Бунёдгузори Facebook Марк Сукерберг дар доираи созиш бо мақомот барои амнияти маълумоти хусусии корбарон шахсан ҷавобгар аст.

Мақомоти ИМА моҳи марти соли гузашта зидди "Фейсбук" тафтишотро оғоз карданд. Он замон рӯзноманигорони ширкати таҳлилии бритониёии ​Cambridge Analytica "Фейсбук"-ро ба ғайриқонунӣ истифода шудани маълумоти шахсии корбарон дар ҷараёни маъракаҳои интихоботии президенти ИМА Доналд Трамп айбдор карданд.

"Эҳтимоли истифода шудани маълумоти шахсии корбарон барои таъсир расонидан ба натиҷаҳои интихобот дар саросари дунё, аз ҷумла раъйпурсии бурунрафти Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо, ба нафъи ҳизби миллатгарои "Ҷабҳаи миллӣ" дар Фаронса вуҷуд дорад",-навишта буд рӯзноманигори маҷаллаи швейтсарии Das Magazine.

Дар пайи ин моҷаро бунёдгузори "Фейсбук" маҷбур шуд, дар ду ҷаласаи Конгресси ИМА суханронӣ кунад. Раҳбарияти шабакаи иҷтимоӣ ваъда дод, ки сиёсати коркарди маълумоти шахсии корбаронро пурзӯр мекунад. Cambridge Analytica пас аз ин ҳодиса фаъолиятро қатъ кард.

XS
SM
MD
LG