Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон як ҷангалбон аз тири қочоқчиён кушта шуд


Рӯзи 23-юми июл дар беморхонаи марказии Державини вилояти Акмолини Қазоқистон ҷангалбоне вафот кард, ки аз тири қочоқчиён захмӣ шуда буд.

Ба иттилои Кумитаи ҷангалбонӣ ва ҳайвоноти Вазорати кишоварзии Қазоқистон, як ҷангалбони дигар дар бемористон бистарист, ки ӯ низ аз тири қочоқчиён захмӣ шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 23-юми июл ҷангалбонон дар ҳудуди ноҳияи Жаркаини вилояти Акмолин шикори сайгаҳоро ошкор карданд. Дар пайи таъқиби қочоқчиёни эҳтимолӣ аз мошини навъи "Нива" сӯи ҷангалбонон тир кушода шуд. Ду ҷангалбон маҷруҳ шуда, дар натиҷа яке аз онҳо дар бемористон вафот кард.

Мақомот мегӯянд, амалиёти боздошти гумонбарон идома дорад.

Аз оғози соли ҷорӣ ин дувумин ҳодисаи ҳамла ба ҷангалбонон аст. Моҳи январи соли ҷорӣ дар натиҷаи задухӯрд бо қочоқчиён ҷангалбон Ерлан Нургалиев кушта шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Бахтиёр Иброҳимов аз таронаҳои арзон то ба шӯҳрати "Гулшан"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
XS
SM
MD
LG