Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳимтарин ташаббусҳои Мирзиёевро гирдоварӣ карданд


Ҳаракати умумимиллии "Юксалиш" дар арафаи зодрӯзи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев миёни 100 сокини ин кишвар ва коршиносони хориҷӣ назарпурсиеро анҷом дода, 10 ташаббуси муҳимтарини ӯро гирдоварӣ кардааст.

Коршиносон ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона бо ҳамсояҳо, боз кардани марз, таъсиси гузаргоҳҳо ва барқарор кардани муколамаи созанда бо кишварҳои Осиёи Марказиро муҳимтарин ташаббуси Мирзиёев номидаанд.

Ҳаракати "Юксалиш" ташаббусҳои муҳими президенти Узбекистонро чунин раддабандӣ кардааст:

2. Озодсозии бозори асъор ва ҳалли мушкили нақдина;

3. Решакан кардани меҳнати иҷборӣ, аз ҷумла бо иштироки кӯдакон;

4. Рушди низоми маориф: афзоиши шумори квотаҳо барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо, таъсиси бахшҳои донишгоҳҳои милливу хориҷӣ;

5. Тақвияти нақши расонаҳо дар ҷомеа;

6. Роҳандозии қабулгоҳи маҷозӣ ва мардумии президент;

7. Ислоҳот дар ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ;

8. Ислоҳоти низоми андоз ва эъломи таътилҳои андозӣ барои соҳибкорон;

9. Рушди низоми хадамоти давлатӣ ва тадриҷан боло бурдани сифати онҳо;

10. Чораҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ, пурзӯр кардани муколамаҳои байналмилалӣ оид ба сулҳи Афғонистон;

Дар иттилоияи ҳаракат назари танқидии сокинон роҷеъ ба ташаббусҳои президенти Узбекистон оварда нашудааст.

Ёдрас мешавем, Шавкат Мирзиёев 24-уми июл 62-сола шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG