Ҳавопаймоҳои низомии Русия субҳи 23 июл ҳарими ҳавоии Куриёи Ҷанубиро дар баҳри Ҷопон нақз карданд. Дар ин бора хабаргузориҳои Куриёи Ҷанубӣ иттилоъ медиҳанд.
Ба иттилои низомиҳои Куриёи Ҷанубӣ, бомбаафканҳои Русия ду маротиба марзи Куриёиро дар ҷазираи Токто нақз кардаанд. Дар ҳар ду ҳолат парвозҳо се дақиқаӣ давом кардаанд. Низомиҳои Куриё дар посух оташи огоҳкунанда кушодаанд.
Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, ҳавопаймоҳои тирандози Ту-95МС ҳарими ҳавоии Куриёи Ҷанубиро нақз накардаанд. Ҳамчунин ин вазорат иттилоъ медиҳад, ки "Куриёи Ҷанубӣ оташи огоҳкунанда ҳам накушодааст".
Хабаргузориҳои Куриёи Ҷанубӣ иттилоъ медиҳанд, ки нақзи ҳарими ҳавоии кишвар аз сӯи ҳавопаймоҳои Русия хеле кам сурат мегирад.