Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 18 ҳазору 594 нафар "маъюб" аз нафақа маҳрум шудаанд


Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар пай як санҷиш дар чанд шаҳру навоҳии кишвар маълум намудааст, ки ҳазорҳо нафар, ки ҳолати маъюбияшон тасдиқ нашудааст, нафақаи маъюбӣ мегирифтаанд.

Дилмурод Давлатзода, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа рӯзи 23-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон аз 148 ҳазору 663 нафар шумораи умумии нафақагирони маъюб, 88 ҳазорашро барои дақиқ намудани ҳолати маъюбӣ мавриди ташхиси такрорӣ қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи оқои Давлатзода, дар натиҷаи ин санҷиш 18 ҳазору 594 нафар, ки аз нафақаи маъюбӣ бархурдор будаанд, ҳолати маъбияшон тасдиқи худро наёфт ва нафақаашон қатъ карда шуд. Дилмурод Давлатзода таъкид намуд, ки нафақаи маъюбиро дар асоси маълумотномаи Вазорати тандурустии кишвар таъин мекунанд ва дар самти шаффофияти дарёфти нафақаи маъбӣ дар ҳамкорӣ бо ин ниҳод кор бурда истодаанд.

Раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъкид намуд, ки шумораи умумии нафақагирон дар Тоҷикистон 699 ҳазору 236 нафарро ташкил медиҳад ва андозаи миёнаи нафақа дар кишвар ба 315 сомонию 30 дирам баробар аст.

XS
SM
MD
LG