Дар доираи парвандаи марги кӯдаки 6-сола дар пайи истифодаи машрубот дар вилояти Чуйи Қирғизистон, як мард боздошт шуд.
Ба иттилои мақомоти вилояти Чуй, дар доираи парвандаи мазкур чанд кас бозпурсӣ шудааст. Дар натиҷа марди 31-солаи ҳамбистари модари кӯдаки кушташуда боздошт гардид. Дар ҳоли ҳозир тафтиши судӣ-тиббӣ ҷараён дорад.
Рӯзи 20 июл дар пайи заҳролудшавӣ аз машрубот як кӯдаки шашсола фавтид. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, афроде, ки бо модари кӯдак машруб менӯшиданд, ӯро маҷбуран ду пиёла арақ нӯшондаанд.
Кӯдакро дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон бурданд. Вай дар бемористон вафот кард.