Денис Петрашов, варзишкори қирғизистонӣ ба бозиҳои олимпии соли 2020 роҳхат дарёфт кард.
Федератсияи оббозии Қирғизистон хабар медиҳад, ки варзишкор бо гузоштани рекорди нав барои Қирғизистон дар 18-умин Ҷоми ҷаҳонӣ дар бахши шиноварӣ, масофаи 100 метрро дар 1 дақиқаву 94 миллисония шино кард.
Бо ин нишондод Денис Петрашов талаботи иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020-ро иҷро кард, ки қарор аст, дар Ҷопон баргузор шаванд.
18-умин Ҷоми ҷаҳонӣ дар бахши шиноварӣ, ки дар шаҳри Кванҷу баргузор мешавад, варзишкорони бештар аз 200 кишварро ҷамъ овард.