Номзадҳои ҳизби президенти Украина Владимир Зеленский, ки қасди гузаронидани ислоҳоти ҷиддиро доранд, дар интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии ин кишвар пешсафанд.
Ҳизби ҳокими "Хидматгори халқ" ҳудуди 44 дарсади овозҳоро ба даст меорад. Натиҷаҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки ҳизби Зеленский барои ташкили ҷиноҳи аксарият дар порлумони Украина ба эътилоф ниёз хоҳад дошт.
Дар умум панҷ ҳизб раъйи заруриро барои ворид шудан ба порлумони Украина ба даст овардаанд. "Ҷабҳаи мухолиф", ки ба зарурати беҳсозии муносибатҳо бо Русия таъкид мекунад, 11,5 дарсади раъйи интихобкунандагонро соҳиб шудааст.
Ҳизби "Ҳамраъйии аврупоӣ"-и президенти пешин Петр Порошенко 8,9 дарсад, Ҳизби "Баткившина"-и сарвазири пешин Юлия Тимошенко 7,6 дарсад ва ҳизби нави "Садо" 6,3 дарсадро ба даст овардаанд.
Порлумони Украина 450 вакил дорад.