Пайвандҳои дастрасӣ

Домоди раиси ҷумҳури Узбекистонро ҷарима карданд


Отабек Умаров дуввум аз тарафи рост

Идораи бозрасии давлатии автомобилии Тошканд домоди раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёевро барои риоят накардани қоидаи ҳаракати роҳ ҷарима кардааст. Отабек Умаров, домоди хурдии раиси ҷумҳури Узбекистон рӯзи 20-уми июл дар саҳифааш дар Инстаграм дар ин бора хабар дод. Ӯ шавҳари Шаҳноза духтари хурдии Шавкат Мирзиёев аст.

Дар санади пардохти ҷарима дида мешавад, ки ӯ барои ҳаракат бо суръати баланд 1 824 570 сум (андаке бештар аз 200 доллар) ҷарима пардохтааст. Отабек Умаровро баъд аз он ҷарима карданд, ки рӯзи 19-уми июл дар саҳифааш дар Инстаграм видеои ҳаракаташ дар яке аз кӯчаҳои марказии Тошкандро нашр кард.

Дар видео дида мешавад, ки ӯ дар мошини «Тесла» бо суръати тақрибан 200 километр соат ҳаракат мекунад. Бисёре аз корбарон барои чунин рафтор домоди раиси ҷумҳурро танқид кардаанд. Худи Отабек Умаров дар саҳифааш навиштааст, ки «Ҳамаи ҷаримаро пардохтам. Қонун барои ҳама як аст.» Хабари ҷарима шудани домоди Шавкат Мирзиёевро матбуоти дохилии Узбекистон нашр накардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG