Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Отамбоев ба "ҳамла"-и мақомот омода мешаванд


Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистонро вазорати корҳои дохилии он кишвар бори севум ба бозпурсӣ даъват кард. Ин бозпурсӣ бояд субҳи имрӯз,19-уми июл баргузор мешуд. Отамбоев бори севум ба бозпурсӣ ҳозир нашуд.

Кундуз Жолдубоева, ёвари Отамбоев дар саҳифаи "Фейсбук" навишт, ки "манобеи муътамад хабар доданд, ки фармони бо истифода аз неру боздошти Отамбоев содир шудааст".

"Амалиёти боздошт қарор аст, нимаи дувуми рӯзи 19 июл бо истифода аз 1,5 ҳазор корманди мақомоти қудратӣ роҳандозӣ шавад. Зоҳиран мақомот фаромӯш кардаанд, ки зӯргӯӣ метавонад, ба оқибатҳои ислоҳнашаванда расонад...",-навишт Жолдубоева рӯзи 18-уми июл.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Ложников, мудири телевизиони "Апрел"-и Қирғизистон гуфт, дар деҳаи Кой-Тош, қароргоҳи Отамбоев, "ситоди мардумӣ" ба "ҳамла" омода мешавад. ВКД Қирғизистон гуфт, иттилоъ дар доираи ин парвандаро оммавӣ нахоҳад кард.

Отамбоев пештар низ ду бор барои бозпурсӣ ба Вазорати умури дохилии Қирғизистон даъват шуда буд. Вале вакили дифои Отамбоев - Сергей Слесарев изҳор дошт, ки шахси зери ҳимояаш барои бозпурсӣ ба идораи тафтишотӣ нахоҳад рафт, зеро ӯ то ҳол соҳиби унвони президенти пешини Қирғизистон аст. Ба гуфтаи ӯ, қарори порлумони Қирғизистон дар бораи маҳрум кардани Отамбоев аз унвони мазкур хилофи Конститутсияи ин кишвар қабул шудааст.

Отамбоевро дар доираи кадом парванда бозпурсӣ карданианд, расман хабар дода намешавад. Вале вакили дифоаш мегӯяд, даъватҳо ба парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Азиз Батукаев рабт доранд.

Порлумони Қирғизистон 27-уми июн Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум ва Додситонии кулли ин кишвар онро ҷонибдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG