Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшавии 68 шаҳрванди Узбекистон дар Самараи Русия


Шасту ҳашт шаҳрванди Узбекистон, ки дар як корхонаи вилояти Самараи Русия кор мекарданд, бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бистарӣ шуданд. Дар ин бора Консули генералии Узбекистон дар шаҳри Қазони Русия хабар дод.

Роҳбарияти корхона мегӯяд, ҳамаи муҳоҷирон фаъолияти қонунӣ дошта, дар асоси шартнома кор мекунанд. Корфармо хабар дод, ки харҷи табобати муҳоҷиронро мепардозад.

Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Самара пештар аз ин хабар дода буд, ки рӯзҳои 16 ва 17 июл 46 муҳоҷири узбекистонӣ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуданд.

"Ҳоло ҳодиса таҳқиқ мешавад. Баъди анҷоми таҳқиқ тасмими қонунӣ гирифта хоҳад шуд",-хабар дод бахши Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Самара.

XS
SM
MD
LG