Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев бори севум ба бозпурсӣ даъват шуд


Вазорати умури дохилии Қирғизистон президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро бори севум барои бозпурсӣ даъват кард. Бар асоси даъватномаи вазорат, Отамбоев бояд 19 июл ба ин ниҳод ҳозир шавад.

Маъмурони пулис даъватномаро 18 июл ба манзили зисти Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош бурда, ба раҳбари ситоди ҷонибдорӣ аз президенти пешини Қирғизистон Кияз Смаилов супурдаанд.

Отамбоев пештар низ ду бор барои бозпурсӣ ба Вазорати умури дохилии Қирғизистон даъват шуда буд. Вале вакили дифои Отамбоев -- Сергей Слесарев изҳор дошт, ки шахси зери ҳимояаш барои бозпурсӣ ба идораи тафтишотӣ нахоҳад рафт, зеро ӯ то ҳол соҳиби унвони президенти пешини Қирғизистон аст. Ба гуфтаи ӯ, қарори порлумони Қирғизистон дар бораи маҳрум кардани Отамбоев аз унвони мазкур хилофи Конститутсияи ин кишвар қабул шудааст.

Отамбоевро дар доираи кадом парванда бозпурсӣ карданианд, расман хабар дода намешавад. Вале вакили дифоаш мегӯяд, даъватҳо ба парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Азиз Батукаев рабт доранд.

Порлумони Қирғизистон 27 июн Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум ва Додситонии кулли ин кишвар онро ҷонибдорӣ кард.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG