Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи Боқиевҳо дар Белорус ба тиҷорат машғул аст


Бахше аз саҳмияҳои корхонаи давлатии биотехнологии Белорус ба Асилбек Салиев, ҷияни президенти пешин ва фирории Қирғизистон Қурмонбек Боқиев тааллуқ доштааст. Ба навиштаи расонаи белорусии naviny.by, Салиев тавассути ширкати оффшории шотландӣ саҳмияҳои мазкурро дар ихтиёр дорад.

Асилбек Салиев 31 сол дошта, бино ба феҳристи ягонаи бритониёӣ, дар ду ширкати шотландӣ — Altastar LP ва Maxforse LP. қисми бештари саҳмияҳоро соҳиб аст.

Altastar LP ва Maxforse LP дар навбати худ мутаносибан молики 11% ва 11,5%-и саҳмияҳои корхонаи давлатии биотехнологии Белорус ҳастанд. 22,5%-и саҳмияҳои дигари корхонаи мазкур ба ду ширкат дар АМА — Al Salaam Biotech Investments Ltd. ва Al Ziad Agro Investments Ltd. тааллуқ дорад. Молики ин ширкатҳо кӣ ҳаст, маълум нест.

Асилбек Салиев писари Жаниш Боқиев, бародари президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев аст. Жаниш Боқиев дар давраи президентии бародараш раҳбарии Хадамоти муҳофизати давлатиро бар зимма дошт, вале пас аз сарнагун шудани ҳукумати Боқиев ҳамроҳи бародараш ба хориҷ фирор кард. Ҳар ду дар Белорус ба сар мебаранд.

Дар феҳристи ягонаи бритониёӣ омадааст, ки Асилбек Салиев шаҳрвандии Белорусро дорад ва дар он кишвар кору зиндагӣ мекунад. Ӯро дар ватан ба ҷиноятҳои гуногун айбдор мекунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG