Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмени тоҷик намоиши бадани урёни муҳоҷиронро "зиддиинсонӣ" хонд


Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон аз ҳамтоёни руси худ талаб кардааст, то ба намоиш гузоштани бадани урёни муҳоҷирони тоҷик вокуниш нишон диҳанд. Умед Бобозода, Омбудсмени Тоҷикистон намоиши бадани урёни муҳоҷиронро "рафтори зиддиинсонӣ" хонд.

Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 18-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ду ҳафта пеш ба Омбудсмени Русия мактуб карда, хостанд то ин ниҳод ба қазияи таҳқири муҳоҷирони тоҷик вокуниш кунад. Аммо Бобозода гуфт, то ҳол аз ҳамтоёни руси худ посухе нагирифтаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, "ин рафтор дар ҳақиқат рафтори зиддиинсонӣ аст ва дар доираи санадҳои мавҷудбуда мо талаб кардем, ки ҳал карда шавад"

Ду рӯз пеш Додситони кулли Тоҷикистон ҳам намоиш гузоштани бадани урёни муҳоҷирони тоҷикро амали ғайриинсонӣ хонда, хостори таҳқиқ ва чораандешӣ дар ин бора шуданд.

Ҳашт муҳоҷири тоҷик моҳи гузашта бо гумони қатли варзишгари рус Сергей Чуев боздошт шуданд. Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румӣ шаби 7 ба 8-уми июн дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав кушта шуд. Расонаҳо навиштанд, ки гӯё муҳоҷирон устоди варзишро ба кӯл партофтанд ва ӯ дар зери об нафасгир шудааст.

Додгоҳ рӯзи 10-уми июн ҳукми то моҳи август дар боздошт мондани шаш нафари онҳоро содир кард ва хост ду тани дигар аз ин кишвар ихроҷ шаванд. Вале он чӣ корбарони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сахт асабонӣ кард, шимҳои дарида ва бадани урёни шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Чанде аз корбарон гуфтаанд, "ҳарчанд инҳо ба қатл гумонбаранд, набояд ба ин шева таҳқир шаванд".

Аз ин пештар ҳам Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ба боздошти муҳоҷирони тоҷик ва нашри аксҳои таҳқиромези онҳо дар Русия вокуниш карда буд. Ӯ гуфт, "ҳар ҷиноят бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва бе нақзи шарафу ҳуқуқи фитрии инсон баррасӣ карда шаванд".

Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Дар гузашта бархе онҳо мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, аммо тайи ду соли соли охир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав, ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ ва даст доштан дар қатлҳои пурсарусадо муттаҳам шуда, дастгир ё кушта мегарданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Чӣ гуна афғонҳо Бритониёро шикаст доданд ва соҳибистиқлол шуданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
XS
SM
MD
LG