Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи масири нави мошингард байни Узбекистону Қазоқистон


Роҳбарони ҳукуматҳои Қазоқистону Узбекистон Аскар Мамин ва Абдулло Орипов рӯзи 17 июл роҳи мошингарди "Бейнеу - Оқжигит - сарҳади Узбекистон"-ро ифтитоҳ карданд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии сарвазири Қазоқистон дар Инстаграм хабар дода шудааст.

Ба иттилои хабаргузориҳои Узбекистон, тӯли роҳ 84 километр аст.

"Роҳи мазкур имкон медиҳад, ки маҳсулоти Узбекистон ба бозори Русия ва кишварҳои Қафқоз тавассути бандарҳои баҳрӣ ва роҳҳои Қазоқистон дар фосилаи кутоҳтар бирасад",-гуфт сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин.

Доду ситади мол миёни Узбекистону Қазоқистон соли гузашта 3 млрд долларро ташкил дода, аз ибтидои соли ҷорӣ 25 дарсад афзудааст.

XS
SM
MD
LG