Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири муҳити зисти Фаронса баъди айбдоршавияш ба исрофкорӣ истеъфо дод


Вазири муҳити зисти Фаронса Франсуа Де Рюжӣ баъди айбдор шуданаш ба сӯистифода аз пулҳои андозсупорандагон аз мақомаш истеъфо дод. Де Рюжӣ барои меҳмононаш зиёфатҳоеро оростааст, ки дар онҳо гаронтарин ғизо ва шароби фаронсавӣ пешкаш мешуданд.

Худи вазир зиёфатҳои мазкурро "мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ" номида афзуд, ки барои ташкили онҳо ҳақ дошт.

Ин зиёфатҳо ҳангоми раиси Маҷлиси миллии Фаронса будани Де Рюжӣ дар шаҳри Порис баргузор шуда, гӯё онҳоро ҳамсари сиёсатмадор ва рӯзноманигори нашрияи Gala ташкил мекард.

Бино ба навиштаи расонаҳо, як шиша шаробе, ки дар он зиёфатҳо ба меҳмонон пешниҳод мешуд, то 500 евро арзиш дошт. Ҳамчунин барои меҳмонон бо гаронтарин харчанги баҳрӣ ғизо омода мешуд, ки ин нигаронии фаъолони зистмуҳитиро ба бор овард. Фаъолон гуфтанд, вазири муҳити зист набояд касе бошад, ки хурдани ҳайвонҳои нодири баҳриро ташкил мекунад.

Ҳамчунин дертар маълум шуд, ки Де Рюжӣ бо 63 ҳазор еврои пули будҷа манзили зисти хидматияшро таъмир кардааст.

XS
SM
MD
LG