Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ситоди ҳимоят аз сарвазири пешин таъсис шуд


Дар шаҳри Кочкори вилояти Норини Қирғизистон ситоди ҳимоят аз сарвазири пешини он кишвар Сафар Исҳоқов таъсис шуд.

Кундуз Жолдубоева, намояндаи расмии ҳизби Сотсиал-демократии Қирғизистон гуфт, ситод дар як манзили хусусӣ дар зодгоҳи Исҳоқов таъсис шудааст. Онҷо ҷонибдорони сарвазири пешин барои озодии вай имзо ҷамъ меоранд.

"Ситодро сокинони ноҳияи Кочкор таъсис додаанд. Онҳо аз президент талаб доранд, ки парвандаи Исҳоқов холисона баррасӣ шавад",-гуфт Жолдубоева.

Сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов соли 2018 боздошт шуд. Ӯро дар фасодкорӣ ҳангоми навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек ва таъмири Осорхонаи миллии таърихӣ айбдор мекунанд. Баррасии парвандаи вай то кунун идома дорад.

XS
SM
MD
LG