Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Осиёи Миёна аз ҳама бештар сокинони Қазоқистон худкушӣ мекунанд


Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар ҳолатҳои худкушӣ дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора омӯзгори Донишгоҳи амрикоии Хюстон-Даунтаун Шаҳноз Саванӣ ҳангоми суҳбат дар мавзуи "Худкушӣ дар Осиёи Марказӣ: Омӯзиши хатарҳо ва омилҳои муҳофизатӣ" дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар сол дар ҷаҳон ҳудуди 1,5 миллион нафар худкушӣ мекунанд. Аз ин миён 60% дар кишварҳои Осиё рух медиҳад.

Дар Осиёи Марказӣ шумори ҳолатҳои худкушӣ аз ҳама бештар дар Қазоқистон (48,1) ба қайд гирифта шудааст. Туркманистон (15,8) дар ҷои дувум, Узбекистон (13,6) дар ҷои севум ва Қирғизистон дар ҷои (13,4) чаҳорум қарор доранд. Дар Тоҷикистон бо вуҷуди он ки нишондоди аз ҳама поин (7,2)-ро дорад, шумори ҳолатҳои худкушӣ меафзояд.

Дар Туркманистон омори расмии ҳолатҳои худкушӣ нашр намешавад. Вале нозирони маҳаллӣ ва хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯянд, шумори онҳо аз арқоме, ки мақомоти Туркманистон ба созмонҳои байналмилалӣ ироа мекунанд, чандин баробар бештар аст.

XS
SM
MD
LG