Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Котиби пешини Шӯрои дифои Қирғизистон таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифт


Вазорати умури дохилии Қирғизистон котиби пешини Шӯрои дифои ин кишвар (Шӯрои амнияти ҳозира) Бусурмонқул Табалдиевро таҳти пайгарди қонунӣ қарор дод. Алайҳи ӯ дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани "дузди қонунӣ" Азиз Батукеав бо банди "фасодкорӣ" тафтишот оғоз гаштааст. Дар ҳоли ҳозир маҳалли будубоши гумонбар маълум нест.

Табалдиев соли 2013, вақте Батукаевро пеш аз муҳлат аз зиндон озод карданд, котиби Шӯрои дифои Қирғизистон буд. Як қатор мансабдорони қирғиз, аз ҷумла ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар он кишвар Акун Турсунов он сол тасдиқ карда буданд, ки Батукаев бемори ҷиддӣ аст.

Додситонии кулли Қирғизистон соли 2019 дар пайи санҷиш хулосаи мансабдоронро сохта ва озодии Батукаевро ғайриқонунӣ номида, зидди панҷ табиб, вазири пешини тандурустӣ, муовини пешини додситони вилояти Норин, муовини пешини сарвазир ва собиқ додситони кулли ин кишвар айб эълом кард. Бархе аз онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG