Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Bloomberg: ИМА барои С-400 зидди Туркия таҳрим ҷорӣ мекунад


Таҳримҳои ИМА нисбати Туркия дар посух ба харидории низоми мушакии С-400 рӯзҳои наздик эълом мешавад. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад. Тими мушовирони президенти ИМА Доналд Трамп се маҷмуи таҳримҳоро баррасӣ дорад. Вале ҳанӯз дақиқ нест, ки кадом як аз онҳо қабул мешавад.

Дар ҳоли ҳозир тим посухи Трампро мунтазир аст. Туркия, ки ҳамроҳ бо ИМА ва кишварҳои дигар шомили НАТО аст, 12 июл ба воридсозии низоми мушакии С-400-и русӣ шуруъ кард. Вашингтон мегӯяд, аслиҳаи русӣ барои тарҳҳои гаронбаҳои Пентагон хатар эҷод мекунад.

Русияву Туркия дар соли 2017 барои харидани С-400 бо арзиши 2,5 миллиард доллар созишнома баста буданд. Баъди ин созиш Вашингтон аз фурӯхтани ҳавопаймоҳои бомбаандози F-35 ба Туркия худдорӣ кард.

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия гуфт, Анкара ҳанӯз харидори ҳавопаймоҳои амрикоӣ ҳаст. Эрдуғон ҳамзамон мегӯяд, мушакҳои С-400 барои амнияти миллии кишвараш зарур ҳастанд.

XS
SM
MD
LG