Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Диктатори собиқи Бангладеш даргузашт


Ҳусайн Муҳаммад Иршод

Ҳусайн Муҳаммад Иршод, диктатори собиқи низомии Бангладеш, ки соли 1982 бо табаддулоти давлатӣ ҳукуматро гирифт, даргузашт. Раиси ҷумҳури собиқи 91-сола бемориҳои гуногун дошт ва аз охири моҳи июн дар шифохона буд. Муҳаммад Иршод рӯзи 14-уми июл дар шаҳри Дакка вафот кардааст.

Фармондеҳи артиш, ки баъдан раиси ҷумҳур шуд, аз соли 1982 то соли 1990 дар Бангладеш ҳукумат кард. Ӯ баъди ошӯбҳои мардумии соли 1990 аз мақомаш барканор ва сипас зиндонӣ шуд. Бо вуҷуди ин ҳама Муҳаммад Иршод то охири умр дар саҳнаи сиёсии пурталотуми Бангладеш фаъол буд ва раиси мухолифони давлат дар порлумон ба шумор мерафт.

Гузоришҳои видеоӣ

Соҳибкори хашмгин муовини раиси ноҳияи Яккабоғи Узбекистонро оташ зад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:38 0:00
XS
SM
MD
LG