Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Толибон хостанд, ҷангро бас кунанд


Музокироти байнулафғонӣ бо ҳузури Толибон дар Қатар
Музокироти байнулафғонӣ бо ҳузури Толибон дар Қатар

Амрикову Русия ва Чину Покистон аз Толибон хостанд, фавран ба созиши оташбас ризоият бидиҳанд ва бо ҳукумати Афғонистон мустақим гуфтӯгу кунанд. Намояндагони чаҳор кишвар рӯзҳои 11 ва 12-уми июл дар шаҳри Пекин дар бораи сулҳ дар Афғонистон гуфтугу карданд ва дар замоне, ки ҷомеаи байналмилалӣ ва Амрико талош доранд ба ҷанги 18-сола бо Толибон хотима бидиҳанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 12-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, чаҳор кишвар “ҳамаи тарафҳоро ташвиқ карданд, ки барои коҳиши хушунат қадам бардоранд, то ба созиши оташбаси фарогир ва доимӣ ва музокироти байнулафғонӣ бирасанд.”

Чаҳор кишвар ҳамчунин хостори музокироти мустақим байни Толибон, ҳукумати Афғонистон ва дигар афғонҳо шудаанд, то чаҳорчӯби сулҳ ҳарчӣ зудтар ҳосил шавад. Рӯзи 9-уми июл Толибону дигар намояндагони ҷомеаи мадании Афғонистон аз ҷумла мақомоти расмӣ дар Қатар нақшаи ҳалли сиёсии муноқиша дар Афғонистонро таҳия карданд, ки қадами муҳиме барои поён додан ба ҷанг арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG