Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба телевизиони украинӣ таҳқиқ мешавад


Қисмати осебдидаи Шабакаи 112
Қисмати осебдидаи Шабакаи 112

Мақомоти Украина ба тафтиши ҳамла бо норинҷакандоз ба қароргоҳи шабакаи телевизионии 112 дар шаҳри Киев оғоз кардаанд. Пулис гуфт, касе дар ин амали “террористӣ” дар рӯзи 13-уми июл осеб надидааст.

Дафтари матбуоти пулиси Киев бо нашри баёнияе гуфт, ки онҳо пас аз хабар додани ҳамсояҳо дар бораи таркиш ба маҳалли ҳодиса ба ноҳияи Шевченкивски омадаанд. Ҳодиса соати тақрибан чаҳори бомдод рух додааст. Касеро то кунун дастгир накардаанд ва тафтиш идома дорад. Бахше аз бино дар натиҷаи таркиш осеб дидааст.

Шабакаи 112 рӯзе пештар аз ҳамла бо нашри як муроҷиатнома аз мақомоти интизомии Украина хост, ки телевизионро аз “худсарии миллатгароёни ифротӣ” муҳофизат кунанд, ки ба гуфтаи телевизион “бо зӯру таҳдид мехоҳанд, ба сиёсати таҳририи шабака таъсир гузоранд ва барои манофеи муайяни сиёсӣ моро ба даст кашидан аз меъёрҳои ҷаҳонии хабарнигорӣ маҷбур кунанд.”

XS
SM
MD
LG