Пулиси Гибралтар мегӯяд, чаҳор маллоҳи нафткаши Эронро, ки бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии нафт ба Сурия дастгир шудаанд, дар ивази васиқа озод кардаанд. Ба гуфтаи пулис, киштии нафткаш барои риоят накардани таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо дастгир шуд. Пулис гуфт, маллоҳон ҳоло расман ба қонуншикание муттаҳам нашудаанд, тафтиш идома дорад ва киштии Грейс 1 ҳамчунон дар лангар мемонад. Ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони Ҳинд будаанд.
Дар умум дар нафткаш 28 нафар асосан аз Ҳинду Покистон ва Украина кор мекардаанд. Пештар аз ин дар рӯзи 12-уми июл пулиси Гибралтар, ки қаламрави Бритониё аст гуфт, чаҳор нафар аз маллоҳ аз ҷумла капитани киштӣ ва як афсари баландрутбаи дигари нафткашро дастгир карданд. Нерӯҳои Салтанатии Баҳрии Бритониё рӯзи 4-уми июл киштии Грейс 1 -ро дар соҳилҳои Гибралтар боздошт карда ва гуфтанд, ки ин нафткаш бар хилофи таҳримоти иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо ба Сурия нафт мебурд.