Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сарбозхонаи Ишқобод сарбозон иҷозаи шустушӯро надоранд


Дар сарбозхона ё "казарма"-и вазорати мудофиаи Туркманистон ба сарбозон иҷозат намедиҳанд, ки дар ҳамом шустушӯ кунанд. Ба иттилои шоҳидон, ин ҳолат дар сарбозхонаи вазорати мудофиа, дар маркази шаҳри Ишқобод сурат мегирад.

"Ин ҳолат дар сарбозхонаи вазорати мудофиа, дар маркази Ишқобод рух медиҳад. Як маъмури низомӣ ҳаммоми сарбозонро қулф кардааст, ки ба ин тартиб, 120 сарбоз аз имкони шустушӯ маҳрум монданд",-гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳолати мазкур як моҳ боз давом дорад ва сарбозон барои шустушӯ чораандешӣ мекунанд ва ҳамзамон аз сӯи фармондеҳон муҷозот мешаванд.

"Бархе аз сарбозон дар ҳоҷатхона шустушӯ мекунанд, вале маъмурон ба маҳзи дидани ин ҳолат онҳоро манъ мекунанд. Маъмури низомӣ ба он хотир дари ҳаммомро қулф задааст, ки гӯё сарбозон тозагиро дар дохили ҳаммом риоя намекунанд. Касе нест, ки ин мушкилро ҳал кунад",-гуфт манбаъ.

Мақомоти Туркманистон ҳолати мазкурро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG