Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамоли сахт дар Юнон боиси марги чанд сайёҳи хориҷӣ шуд


Дар нимҷазираи Халкидики шимолу шарқи Юнон дар натиҷаи шамоли сахт шаш сайёҳи хориҷӣ ҷон бохтанд. Миёни ҷонбохтагон ду шаҳрванди Русия низ ҳаст. Дар ин бора хабаргузории Рейтер иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои расонаҳои юнонӣ, миёни қурбониён шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех ва Руминия низ ҳастанд. Ҷуфти чехӣ дар пайи он кушта шуд, ки шамоли сахт мошини онҳоро чаппа кард. Як зани руминӣ ҳамроҳи писари ҳаштсолааш зери боми тарабхонае дар шаҳраки Неа-Плагия ба ҳалокат расид.

Дар пайи ин шамол ҳамчунин бештар аз 100 каси дигар маҷруҳ шуд. Мақомот дар нимҷазира ҳолати изтирорӣ эълом карданд.

Шамоли сахт ва боридани жола баъди гармиҳои 40-дараҷаӣ Юнонро фаро гирифт. Дар шимоли Испания, ҷануби Фаронса, Италия ва чанд кишвари дигари ҳавзаи Балкан низ ҳафтаи ҷорӣ шамоли сахт вазид.

XS
SM
MD
LG