Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон дарёфти шиносномаи хориҷӣ барои душаҳрвандиҳоро маҳдуд намуд


Дар Туркманистон сокинони душаҳрвандӣ ҳангоми дарёфти шиносномаи хориҷӣ бо як қатор маҳдудиятҳо рӯбарӯ мешаванд.

"Дар шаҳри Ишқобод санадҳои онҳоеро қабул намекунанд, ки пас аз моҳи майи соли 2015 шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Санадҳоро бо ҳар баҳона рад мекунанд. Мегӯянд, ҳоло қарор имзо нашудааст ва кай ба имзо мерасад ҳам маълум нест",-гуфт як ҳамсуҳбати мо ба шарти ифшо нашудани номаш 9 июл.

Миёни Туркманистону Русия тайи 10 сол душаҳрвандӣ амал мекард, вале он моҳи апрели соли 2003 бекор шуд ва Ишқобод баъдан санадеро ба имзо расонд, ки ба сокинони душаҳрвандӣ иҷозат медод, танҳо шиносномаи як давлатро ҳифз кунанд. Дархости туркманистониҳои душаҳрвандӣ барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ рад шуд.

Вале ба гуфтаи мансабдорони рус, раҳбарони Туркманистон ва Русия дар мулоқоти ахирашон, тирамоҳи соли 2017 барои ҳалли мушкили додани шиносномаи хориҷӣ ба сокинони душаҳрвандӣ ба созиш расида буданд.

Омори расмии туркманистониҳое, ки пас аз соли 2003 шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, мавҷуд нест. Ба гуфтаи манобеи мустақил, шумори онҳо ба 10-12 ҳазор нафар мерасад.

XS
SM
MD
LG