Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Ҳонконг "марг"-и қонуни истирдод ба Чинро эълом кард


Кэррӣ Лам, роҳбари ҳукумати Ҳонконг эълом кард, ки лоиҳаи қонун дар бораи истирдод ба Чин "мурдааст". Вай ҳамзамон эътироф кард, таҳияи ин лоиҳа, ки боиси эътирози саросарии сокинон шуд, "комилан номувафаққона" буд. Аммо сарвазири Ҳонконг талаби асосии эътирозгаронро дар бораи бозхонди фаврии қонун иҷро накард.

Эътирозҳо дар Ҳонконг як моҳ аст, ки идома доранд. Норозигии мардум баъди он сар зад, ки мақомот тасмим гирифтанд, қонуншиканон ва ҷинояткоронро ба Чин истирдод кунанд. Мунтақидон мегӯянд, мақомоти ду кишвар мумкин аст, аз лоиҳаи қонун сӯистифода кунанд ва дигарандешонро ба Чин истирдод намоянд.

Роҳбари ҳукумати Ҳонконг 15 июн хабар дода буд, ки таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур манъ, аммо комилан қатъ нашудааст. Ин хабар эътирози нави сокинонро ба бор овард ва онҳо талаби истеъфои сарвазирро карданд. Рӯзи 1 июл эътирозгарон барои чанд соат бинои порлумонро ғасб карданд.

Чин ҳангоми қабули Ҳонконг аз Бритониё дар соли 1997 ваъда дода буд, ки ҳадди ақал давоми 50 соли оянда ҳуқуқҳои асосии инсонро дар ин минтақа ҳифз мекунад.

XS
SM
MD
LG