Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистонро вазорати корҳои дохилии он кишвар рӯзи 8-уми июл ба бозпурсӣ даъват кард. Карима Амонқулова, намояндаи хадамоти матбуоти ВКД гуфт, президенти пешин ба ҳайси шоҳид ба бозпурсӣ даъват шудааст.
Кормандони пулис даъватнома ба бозпурсиро ба манзили Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош расонидаанд. Дар даъватнома нишон дода шудааст, ки бозпурсӣ субҳи рӯзи 9-уми июл доир мешавад.
Отамбоев дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, тасмим надорад, дар бозпурсӣ ширкат кунад, зеро ба мақомот эътимод надорад. Вай гуфт, ба суолҳо вакили мудофеаш Сергей Слесарев посух медиҳад.
Порлумони Қирғизистон 27-уми июн дахлнопазирии Алмосбек Отамбоевро бекор кард.