Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ба кишварҳои Осиёи Миёна иловатан 72 млн еврои дигар медиҳад


Иттиҳоди Аврупо барои амалисозии барномаҳояш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ иловатан 72 млн евро медиҳад.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 7-уми июл мулоқоти "Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ" бо ширкати намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могеринӣ ва вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар поёни ин мулоқот зикр шуд, ки Иттиҳоди Аврупо ба ҳар кадом аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кумаки иловагии моддӣ мерасонад.

Ба иловаи 1 млрд долларе, ки Иттиҳод барои кишварҳои минтақа аз соли 2014 то 2020 ҷудо кардааст, ба ин кишварҳо 72 млн еврои дигар дода мешавад.

Ба иттилои Иттиҳод, Тоҷикистон барои сохтмони неругоҳи нави барқӣ 20 млн евро дарёфт мекунад. Неругоҳи нав барқро қисман ба шимоли Афғонистон содир хоҳад кард. Дақиқ нест, ки кадом неругоҳ мавриди назар аст, аммо Олмон барои сохтмони он изҳори омодагӣ кардааст.

Дар мулоқот бо намояндаи Иттиҳод вазирони корҳои хориҷии 5 кишвари Осиёи Марказӣ ширкат карданд

XS
SM
MD
LG