Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Мо ҳам сафири Бритониёро чандон дӯст намедорем"


Сафири Бритониё дар Амрико Ким Даррок.
Сафири Бритониё дар Амрико Ким Даррок.

Доналд Трамп, президенти ИМА суҳбатҳои расонаишудаи сафири Бритониё дар Амрико Ким Даррокро шарҳ дод.

Дар телеграммаҳое, ки сафир ба Лондон фиристодааст, аз Трамп ба унвони роҳбари "ноуҳдабаро" ва "бесалоҳият" ёд шудааст. Баҳсҳо дар Кохи Сафедро сафир ба "кордзанӣ" баробар дониста, огоҳ кардааст, ки "фаъолиятҳои сиёсии Трамп метавонанд, шармандавор ба поён расанд".

Трамп дар посух гуфт, ки ин телеграммаҳоро надидааст. Ихтилофи назар дар сиёсати байналхалқӣ - падидаи муқаррарӣ аст, аммо ба ҳар сурат, сафири Бритониё нуфузи кишварашро намеафзояд, гуфт президенти ИМА. "Мо ҳам ӯро чандон дӯст намедорем, ман ҳам метавонам дар бораи вай иттилои ҷолибе ироа кунам, аммо намекунам, нафъе надорад",-афзуд Трамп.

Сафир Даррок аз афроди наздик ба консерваторон нест. Консерватороне, ки ҳоло роҳбарии Бритониёро дар ихтиёр доранд. Манобеъ мегӯянд, эҳтимол дорад, паҳн кардани телеграммаҳои сафир кори дасти мақомоти Бритониё бошад. Ба ин тартиб, онҳо мехоҳанд, Даррокро аз сафирӣ барканор ва шахси вафодор ба худро дар ИМА сафир таъйин кунанд.

XS
SM
MD
LG