Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Могеринӣ гуфт, сарнавишти ҳомии ҳуқуқи қирғиз баррасӣ мешавад


Федерика Могеринӣ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ гуфт, сарнавишти ҳомии ҳуқуқи зиндонии қирғизистонӣ Азимҷон Аскаров дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Баъди мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ вай дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, "ҳамаи мавзуъҳои марбут ба Аскаров дар ҳоли баррасӣ аст".

Ҳашт созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқ пеш аз сафари Могеринӣ ба Осиёи Марказӣ аз вай хоста буданд, ки ба масъалаи Азимҷон Аскаров дахолат кунад. Созмонҳои байналхалқӣ мегӯянд, вазъи сиҳатии Аскарови 68-сола бад шуда ва вай бояд дар хориҷ табобат гирад.

Азимҷон Аскаров бо айби ташкили бетартибиҳо дар соли 2010 ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Вай айбҳои эъломшударо қабул надорад.

XS
SM
MD
LG