Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЕАБР барои "саломатӣ" дар Тоҷикистон 2 миллион $ медиҳад


Бонки Авруосиёии Рушд (ЕАБР) эълон кард, ки ба Тоҷикистон барои иҷрои тарҳи “Корвони саломатӣ”, ки ҳадафи он хидматрасонии ройгонӣ тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст аст, 2 миллион доллар кӯмак мекунад. Дар баёнияи расмии бонк аз рӯзи 4-уми июл омадааст, созишнома дар ин замина байни бонк ва вазорати молияи Тоҷикистон ба имзо расид.

Тарафи Тоҷикистон бо ин пул ду озмоишгоҳи тиббии сайёр мехарад ва дар оянда барои ташхису муолиҷаи сокинони рустоҳои дурдаст истифода мебарад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳар сол “Корвони саломатӣ” баргузор мекунад ва табибон бо сафар ба ноҳияҳои гуногун ба эҳтиёҷмандон кӯмаки ройгони тиббӣ мерасонанд ва ё ба онҳо дар бораи ҷилавгирӣ аз бемориҳо машварат медиҳанд.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG