Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхони бритониёӣ аз Эрон ихроҷ шуд


Июли соли 2018

Овозхони бритониёӣ Ҷосс Стоун гуфт, ки баъди расиданаш ба ҷазираи Кеш дар Халиҷи Форс, ки қарор буд консерти ҳунарии худро дар он ҷо барпо кунад, аз хоки Эрон ихроҷ шуд. Дар навори видеоие, ки рӯзи 3 июл Стоун дар Инстаграм нашр кард, овозхон бо рӯсарӣ пайдо шуд ва гуфт: “Хуб, мо ба Эрон расидем, боздошт ва баъдан ихроҷ шудем”. Оҷонсии давлати ИРНА дар нақли қавл аз полиси Кеш гуфт, ки ба Стоун бо сабаби камбуди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва иҷозаи вуруд ба кишвар ҳақи дохил шудан ба хоки Эрон дода нашуд.

Худи Стоун гуфт, хабар дорад, ки дар Эрон занҳо ҳақ надоранд консертҳои ҳунарии худро батанҳоӣ барпо кунанд.

Маълум нест, ки овозхони 32-сола ба Эрон бо чӣ ҳадаф сафар карда буд.

Дар Инстаграм ин овозхон инчунин навишт: “ҳеҷ майли рафтан ба зиндони Эронро надорам ва ҳам дар фикри ин нестам, ки сиёсатҳои кишварҳоеро, ки аз онҳо дидан мекунам, дигар кунам ва ҳам ҳаёти дигар одамонро таҳти хатар қарор диҳам”.

Ҷазираҳои Кеш дар қисматҳои ҷанубии Халиҷи Форс ҷойгир буда як минтақаи озоди иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Сафар ба ин қаламрав барои бисёр шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ озод ва бидуни виза мебошад.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG