Пайвандҳои дастрасӣ

Умедвории Аврупо ба пазириши узвияти Балкани Ғарбӣ ба ИА


Харитаи Балкани Ғарбӣ

Майкл Рот, вазири давлатии Олмон дар умури Аврупо гуфт, мақомоти аврупоӣ талош мекунанд кишварҳои Балкани ғарбиро мутақоид кунанд, ки ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо шомил шаванд. Зимни суханронӣ дар рӯзи 4 июл ӯ гуфт, ки ҷараёни узвияти ҳамаи шаш кишвари минтақаи Балканро ба Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ гуфт, “чунки Балкани ғарбӣ дар беруни ҳавлии Иттиҳодияи Аврупо неву, дар дохили он ҷойгир аст”.

Вазири олмонӣ дар ҷараёни конфронси бахшида ба мавзӯи Балкани ғарбӣ, ки дар шаҳри Познани Полша ҷараён гирифт, гуфт, “ҳамаи мо масъули ин ҳастем, ки дурнамои ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо шомил шудани ин кишварҳо мушаххас мебошад”. Дар ҷараёни ифтитоҳи конфронси дурӯза вазири умури хориҷаи Полша Ятсек Чапутович ба ҳамкории қавитари Иттиҳодияи Аврупо бо шаш кишвари Балкан даъват кард. Ӯ гуфт, ки ин ҳамкориҳо барои тақвияти субот ва рушд дар минтақа мусоидат мекунад.

Қарор аст дар ҷараёни рӯзи дуюми конфронс 5 июл раҳбарони аршади аврупоӣ, аз ҷумла садри аъзами Олмон Ангела Меркел, нахуствазири Бритониё Тереза Мей, нахуствазири Фаронса Эдуард Филипп ва президенти Полша Анджей Дуда иштирок кунанд. Рот дар суханронии худ инчунин ба шурӯи билофосилаи музокираҳои батаъхируфтода барои ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо шомил кардани Македонияи Шимолӣ ва Албания даъват кард.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG