Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самарқанд кӯдаки 9-сола пас аз як моҳи газидани саг ҷон бохт


Дар деҳаи "Равонак"-и ноҳияи Самарқанди Узбекистон як кӯдаки 9-сола пас аз газидани саг ҷон бохтааст. Ба гуфтаи як сокини "Равонак", кӯдакро як моҳ пеш саг газидааст, вале волидонаш ба ин аҳамият надодаанд.

22 моҳи июн табъи кӯдак баланд шудааст ва ӯро бо нишонаҳои девонагӣ ба бемористони вилояти Самарқанд бурдаанд. Кӯдак 3 июл ҷон бохтааст.

Масъулони Назорати санитарӣ-эпидемиологӣ ва табибони байтории вилояти Самарқанд пас аз фавти кӯдак ваксинаи ҳайвонҳои хонагиро зидди девонагӣ дар саросари вилоят оғоз кардаанд. Ҳамаи сагҳои бесоҳибро боз дошта, ба қафасҳо меандозанд.

Намояндагони Назорати санитарӣ-эпидемиологии Самарқанд аз сокинон даъват доранд, ки саг ва гурбаҳои худро ба байторон нишон диҳанд.

XS
SM
MD
LG