Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Трамп ба Эрон: “Аз таҳдид эҳтиёт бош”


Президенти ИМА Доналд Трамп дар посух ба изҳороти Эрон, ки гуфтааст, базудӣ аз хатти иҷозашудаи ҳадди аксари ғанисозии ураниум убур мекунад, гуфт, чунин таҳдидҳо “гашта худатонро мегазад”. Ӯ дар Твиттер рӯзи 3 июл чанд соат баъди изҳороти президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ навишт: “Эрон, аз таҳдид эҳтиёт бош”. Рӯҳонӣ пеш аз ин гуфт, ки баъди 7 июл мизони ураинуми ғанишуда аз меъёри 3,67 дарсади муқарраршуда убур мекунад.

Моҳи май президенти Эрон ба имзогузорони дигари созиши ҳастаии соли 2015, ки аз он соле пеш ИМА берун шуд, 60 рӯз фурсат дод, ки иқтисоди Эронро аз таҳримҳои ҷорикардаи Вашингтон ҳимоят кунанд. Зарбулаҷал ё мӯҳлати охири ин ҳушдори Рӯҳонӣ 7 июл фаро мерасад.

Оғози ҳафтаи ҷорӣ Оҷонсии байналмилалии нирӯи атомӣ тасдиқ кард, ки Эрон мизони истеҳсоли ураниуми ғанишударо, ки дар созиши ҳастаӣ муқаррар шуда буд, афзоиш дод. Трамп дар вокуниш гуфт, ки “Теҳрон бо оташ бозӣ мекунад”. Дар изҳороти аврупоиҳои имзокарда дар созиш – Бритониё, Олмон ва Фаронса аз Эрон даъват карда шуд, ки “аз тадбирҳое, ки созиши ҳастаиро ба ҳам мезанад, худдорӣ кунад”.

XS
SM
MD
LG