Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руҳонӣ: Эрон ғанисозии уранро то ҳадди дилхоҳ идома медиҳад


Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ гуфт, кишвараш маҳдудияти ғанисозии уранро дигар риоя намекунад. Ӯ ҳамчунин ИМА-ро ба эътирофи дубораи созишномае даъват кард, ки Теҳрон дар доираи он даст кашидан аз баъзе барномаҳои ҳастаиро ваъда дода буд.

Ба гуфтаи Руҳонӣ, Эрон ғанисозии уранро то ба андозае, ки мехоҳад, идома медиҳад. Вай гуфт, агар бо ИМА созише ҳосил шавад, ин тасмими онҳо дар давоми як соат бекор карда мешавад ва бинобар ин, ҷомеаи байналмилалӣ набояд нигарон шаванд.

Президенти Эрон дастур дод, ки агар Вашингтон таҳримҳои зидди Теҳронро камтар накунад, корҳо дар истгоҳи шаҳри Арок дубора аз сар гирифта шаванд. Корҳо дар ин истгоҳ соли 2015, пас аз созиши ҳастаии Теҳрон бо абарқудратҳои ҷаҳон қатъ шуда буданд.

Созмони Энержии Атомии Эрон 1 июл гуфт, захираи урани ғанишудаи ин кишвар аз мизоне, ки дар доираи созиши соли 2015 иҷозат дода шуда буд, зиёдтар шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG