Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Шойгу аз қурбониёни фалокат дар киштии зериобии атомӣ


Сергей Шойгу
Сергей Шойгу

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия 14 маллоҳи ҳалокшуда дар як киштии зериобии атомиро “мутахассисони низомии нодир” номид. Ӯ гуфт, номи ҳамаи онҳоро барои гирифтани ҷоизаҳои давлатӣ пас аз марг пешниҳод мекунанд. Ин маллоҳон рӯзи 2-уми июл дар натиҷаи сӯхтор дар дохили киштӣ ҳалок шуданд.

Сергей Шойгу дар ин бора рӯзи 3-уми июл дар шаҳри Североморск, пойгоҳи Сипоҳи Баҳрии Шимолии Русия сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, ки чанде аз маллоҳон ва ғайринизомиёне, ки дар киштии зериобии баҳрӣ кор мекарданд, зинда мондаанд. Онҳо киштии зериобиро таҳқиқотӣ номиданд ва Сергей Шойгу нагуфт, чанд нафар наҷот ёфтаанд.

Вазорати дифои Русия навъи киштиро нагуфтааст, вале матбуоти Русия гуфтаанд, ки ин киштии зериобии атомии навъи AS-12, ки ҳадафҳои бисёр махфӣ дорад. Сафинаро соли 2000-ум ба кор андохтанд. Сергей Шойгу гуфт, маллоҳон “беҳтарин мутахассисоне буданд, ки обҳои рӯи заминро таҳқиқ мекарданд.” Бисёре аз ҳалокшудагон дар фалокат афсарони баландрутба ва ду нафарашон Қаҳрамонҳои Русия буданд.

XS
SM
MD
LG